Ссылки доступа

10 сол дар асорати шаҳвонии падари худ


Ҳомиёни ҳуқуқи Қирғизистон аз он нигаронанд, ки дар ин кишвар хушунат нисбати кӯдакон кам намешавад. Маркази "Ҳифзи кӯдакон" дар шаҳри Бишкек дар 9 моҳи охир 24 кӯдаки қурбонии хушунати ҷинсиро қабул кардааст. Ин кӯдакон аз 7 то 18 сол доранд. Якеи онҳо Гулбураки 15-сола аст, ки аз дасти падари худ озор дидааст.

Гулбурак моҳи декабри соли гузашта ба марказ муроҷиат кардааст. Волидони вай ҳанӯз дар синни яксолагии Гулбурак аз ҳам ҷудо шудаанд. Аз он замон вай ҳамроҳи падараш мондааст. Бори нахуст падар дар ҳолати мастӣ дар синни шашсолагии Гулбурак ба ӯ дастдарозӣ мекунад ва ин амал даҳ сол идома меёбад.

Бактигул Суворова, равоншиноси марказ мегӯяд, соҳибони хонаи иҷора, ки Гулбурак бо падараш истиқомат мекарданд, бори аввал ин ҳолатро мушоҳида карда, ба пулис хабар медиҳанд.

"Падар на таноҳо духтарашро таҷовуз мекардааст, балки бе баҳона ӯро мезадааст. Духтарак ҳамаи ҳодисаро ба соҳибони хона нақл кардааст. Аз моҳи декабр ба ин сӯ падари духтар дар фирор буд, як ҳафта пеш ӯро боздоштанд", - нақл мекунад равоншинос.

"Дар шашсолагӣ бори аввал маро таҷовуз карданд. Ман ба модаркалонам хабар расонидам, вале вай маро гӯшмол дода, гуфт дар ин бора ба ҳеч кас нақл накунам. Ман ҳам аз тарс нақл накардам. Модаркалонам баъдан фавтид, падарам маро ба Бишкек овард. Баъд ҳар гоҳ ки дар ҳолати мастӣ ба хона меомад, ба ман дастдарозӣ мекард. Вай ҳашт маротиба издивоҷ карда буд. Баъзан, қасди он занҳоро аз ман мегирифт, маро лату кӯб мекард", - нақл мекунад Гулбурак.

Равоншиноси маркази "Ҳифзи кӯдакон" мегӯяд, агар модари духтар пайдо шавад, ӯро ба модараш хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG