Ссылки доступа

Путин таҳримҳо зидди ИА ва ИМА-ро то охири 2017 тамдид кард


Владимир Путин, президенти Русия таҳримҳои кишварашро зидди ИМА ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) то охири соли 2017 тамдид кард.

Русия 7 августи соли 2014 дар посух ба таҳримҳои ИА, ИМА, Австрия, Канада ва Норвегия воридоти меваю сабзавот, маҳсулоти ширию гӯштӣ аз ин кишварҳоро манъ карда, бори охир муҳлати он то 6 августи соли 2016 тамдид шуда буд.

Иттиҳоди Аврупо нахустин шуда дар посух ба ғасби нимҷазираи Қрим ва ҳимояти Кремл аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина 1 августи соли 2014 зидди Русия таҳрим эълон кард. Баъдан ин маҳдудият афзоиш ёфт.

XS
SM
MD
LG