Ссылки доступа

Тошканд "соҳибнуфуз"-и ҷиноӣ "Ҳусан Московский"-ро "сафед" кард


Хабар дода мешавад, ки номи соҳибкори ӯзбек Ҳусан Зиёмуҳаммадов, ки дар олами ҷиноӣ бо лақаби "Ҳусан Московский" машҳур аст, аз рӯйхати ҷинояткорон хориҷ шудааст. Соҳибкор дубора аз Ӯзбекистон мева содир мекунад.

Дар ин бора манбаъҳои наздик ба мақомоти Ӯзбекистон ва хонаводаи соҳибкор хабар медиҳанд.

Тибқи бархе иттилоъ, нисбати Ҳусан Зиёмуҳаммадов дар Ӯзбекистон моҳи апрели соли гузашта парвандаи ҷиноӣ кушода буданд. Ӯ дар содироти ғайриқонунии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваву сабзавот ва ташкили ғайриқонунии фурӯши асъори хориҷӣ айбдор мешуд. Таъқиби ҷиноии соҳибкор баъди ташрифи Ислом Каримов ба Москва дар таърихи 26 апрели соли ҷорӣ манъ шудааст.

Ба гуфтаи манбаъҳо, Ҳусан Зиёмуҳаммадов иҷозат дарёфтааст, ки аз Ӯзбекистон ба Русия меваву сабзавот содир кунад.

XS
SM
MD
LG