Ссылки доступа

Душанбе: даст доштани тоҷикон дар ҳамлаи Истамбул асос надорад


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот хабари нашрияи "Milliyet"-и Туркия дар робита ба даст доштани шаҳрвандони кишвар дар таркишҳои фурудгоҳи Истамбулро беасос хонд.

Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон гуфт, ин хабар танҳо тариқи як нашрияи хусусӣ паҳн шудааст ва мақомоти расмии Туркия то кунун онро таъйид накардаанд.

"Нашрияи "Milliyet" танҳо аксҳои ин афродро нашр кардааст, ки чеҳраи тоҷикона доранд. Вале ин маънои онро надорад, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд", - изофа кардааст манбаъ.

Рӯзномаи "Milliyet"-и чопи Туркия рӯзи 30-юми июн навишт, ки дар таркиши маргбори рӯзи 28-уми июн дар фурудгоҳи Отатурки шаҳри Истамбул, се маргталаб аз Тоҷикистон даст доштаанд. Рӯзнома гуфтааст, ки ин афрод қабл аз ҳамла бо таксӣ ба фурудгоҳ омадаанд. Вале нашрия муайян накардааст, ки онҳо узви кадом гуруҳи террористианд.

Мақомоти Туркия рӯзи гузашта эълон карданд, ки ба эҳтимоли зиёд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар пушти ин ҳамлаҳо қарор дорад.

XS
SM
MD
LG