Ссылки доступа

Роҳбарони 27 кишвари аврупоӣ нақшаи ислоҳотро омода мекунанд


Дар мулоқоти Брюссел рӯзи чаҳоршанбе роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ба созиш расиданд, ки давоми нуҳ моҳи оянда барои ислоҳоти созмон чароандешӣ мекунанд. Ширкатдорони саммити ғайрирасмӣ мегӯянд, замони ворид кардани тағйирот фаро расидааст. Ин тағйирот барои пешгирӣ аз пайомадҳои манфии хориҷ шудани Бритониё аз ҳайати Иттиҳод зарур аст.

Доналд Туск, роҳбари Шӯрои Аврупо гуфт, вуруди мавҷи азими муҳоҷирон ба Аврупо омили аслии пайдоиши буҳрони эътимод ба Иттиҳоди Аврупо, рушди аврупобадбинӣ ва миллатгароӣ гардид. Вай ҳамчунин афзуд, бо Лондон барои ҳамкориҳои оянда зарурати ҳеч гуфтугӯеро намебинад.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон бар ин назар аст, ки ҳоло аз ислоҳоти густарда дар Иттиҳоди Аврупо сухан гуфтан барвақттар аст.

Дирӯз роҳбари Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер аъзои коммисияро дар шакли хаттӣ расман огоҳ кард, ки онҳо набояд то хориҷ шудани Бритониё аз Иттиҳод, бо ин кишвар музокира кунанд.

XS
SM
MD
LG