Ссылки доступа

Парвандаи қатли Борис Немтсов ба додгоҳ ирсол шуд


Парвандаи қатли сиёсатмадори мухолифи Русия Борис Немтсовро додгоҳи минтақавии низомии Москва баррасӣ мекунад, дар ин бора намояндаи догдоҳ Александр Куренной хабар медиҳад. Ба гуфтаи вай, хулосаи айбдорсозӣ нисбати Заур Дадаев, Шадид ва Анзор Губашевҳо, Темирлан Эскерханов ва Ҳамзат Бахаевро муовини додситонии кулл Виктор Грин тасдиқ кардааст.

Ин панҷ нафар дар куштори фармоишӣ ва харидан, бо худ гардондан, интиқол додан ва ҳифзи ғайриқонунии аслиҳа айбдор мешаванд.

Намояндаи Кумитаи тафтишотӣ Владимир Маркин рӯзи чаҳоршанбе гуфт, муфаттишон далелҳои кофӣ ҷамъ овардаанд.

Борис Немтсов нисфишабии 27 феврали соли 2015 дар наздикии Кремл кушта шуд.

Моҳи ноябр додгоҳ созмондиҳандаи эҳтимолии ин куштор - узви пешини баталони "Шимол"-и ВКД Чеченистон Руслан Геремеевро ғоибона ба ҳабс маҳкум кард. Муфаттишон ду маротиба талош карданд, ки нисбати вай айб эълон кунанд, аммо сардори Кумитаи тафтишотӣ Александр Бастиркин ин қарорро рад кард.

XS
SM
MD
LG