Ссылки доступа

Кодекси замини Қазоқистон ислоҳ намешавад


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон рӯзи панҷшанбе қонуни манъи ислоҳоти кодекси замини ин кишварро имзо кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии президент иттилоъ додааст.

Бар пояи ин қонун эътибори қонуни баҳсбарангез "Дар бораи ислоҳот ва иловаҳо ба Кодекси замин" то 31 декабри соли 2016 боз дошта мешавад.

Ҳамчунин он бархе аз меъёрҳои кодекси заминро манъ мекунад. Ба вижа, ба хориҷиён, афроди бе шаҳрвандӣ, афроди ҳуқуқии хориҷӣ ва ғайра замин дода нахоҳад шуд.

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон моҳи майи соли равон ба ислоҳоти Кодекси замини ин кишвар, ки боиси эътирозҳои мардумӣ дар як қатор шаҳрҳои ин кишвар гардид, моратория эълон кард. Дар натиҷаи ин эътирозҳо даҳҳо фаъоли ҷамъиятӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд.

XS
SM
MD
LG