Ссылки доступа

Иҷозаи хизмат барои трансгендерҳо дар артиши Амрико


Дар ИМА маҳдудият барои хизмати ҳарбии шахсоне, ки ҷинсияташонро тағйир додаанд, бекор шуд.

Эштон Картер, вазири дифои ИМА гуфт, онҳо минбаъд метавонанд, дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвараш комилан озод хизмат намоянд.

Бино бар иттилои Картер, ҳоло дар артиши як миллиону 300 ҳазории Амрико 2,5 ҳазор афсару сарбозе ҳузур дорад, ки тағйири ҷинсият намудаанд.

Артиши ИМА тадриҷан бояд дар як сол ба низоми нав гузашта, усулҳои расонидани ёрии тиббӣ низ иваз шавад.

XS
SM
MD
LG