Ссылки доступа

Дар Қирғизистон тартиби баргузории раъйпурсиро тағйир медиҳанд


Вакилони порлумони Қирғизистон 30 июн лоиҳаи қонун дар бораи ворид кардани тағйирот ба Қонун "Дар бораи раъйпурсиҳо дар Қирғизистон"-ро баррасӣ ва қабул кардаанд.

Тибқи ин тағйирот, раъйпурсӣ бо ташаббуси на камтар аз 10 ҳазор шаҳрванд ва ё ташаббуси вакилони порлумон баргузор мешавад.

Ба гуфтаи Алмамбет Шикмаматов, яке аз вакилони ташаббускор лоиҳаи мазкур пешниҳод мекунанд, ки фаъолияти гуруҳҳои таблиғотии раъйпурсӣ муайян карда шавад.

Ин лоиҳаи ҷузъиёти дигари баргузории раъйпурсиро дар он кишвар дақиқ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG