Ссылки доступа

Дар робита ба таршкиҳои Туркия 13 гумонбар боздошт шудааст


Се маргталабе, ки шаби 28 июн худро дар фурудгоҳи Истамбул тарконданд, зодагони Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон будаанд. Дар ин бора яке манбаъ аз ҳукумати Туркия хабар додааст.

Нашрияи ҳукуматгарои Yeni Safak навишт, ки ҷангҷӯи Русия зодаи Доғистон будааст. Ин ҳамларо, ба навиштани нашрия, зодаи Чеченистон бо исми Аҳмад Чатаев ташкил кардааст. Чатаев дар рӯйхати афроди таҳримшудаи СММ қарор дорад - ӯро яке аз роҳбарони гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" медонанд. Ҳамчунин тахмин меравад, ки вай масъули пазириш ва тамриноти ҷангҷӯёни русзабон аст.

Дар навбати худ, консулгарии Қирғизистон мегӯяд, то кунун ҷониби Туркия барои зодаи Қирғизистон будани яке аз маргталабон далели кофӣ пешниҳод накардааст.

Дар натиҷаи террор дар фурудгоҳ 43 нафар кушта, наздики 240 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дурбинҳои назоратӣ лаҳзаи тирпарронии яке аз ҳамлагаронро сӯи пулис сабт кардааст.

Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳо пулиси Истамбул дар робита ба ҳамлаи фурудгоҳ 13 гумонбарро дастгир кардааст, ки 3 тани онҳо шаҳрванди хориҷӣ хастанд. Ахиран дар шаҳри бандарии Измир 9 каси дигар боздошт шудааст, аммо ҳоло гуфта намешавад, ки оё боздоштшудаҳои ахир бо таркишҳои фурудгоҳ рабт доранд ё на.

XS
SM
MD
LG