Ссылки доступа

Расонаҳо: ИМА ба Русия дар масъалаи Сурия пешниҳоди ҳамкорӣ кард


ИМА нақшаи нави ҳамкорӣ дар ҳалли низои Сурияро пешниҳод кардааст. Ин нақши ҳамкорӣ бо Русияро густариш медиҳад.

Нашрияи Washington Post хабар медиҳад, ки пешниҳоди мазкур ҳафтаи ҷорӣ ба Москва фиристода шудааст. Нақша табодули иттилоъ зимни амалиёти зидди гуруҳи "Ҷабҳат ал-Нусра"-ро дар назар дорад. Оё Крмел ба ин ташаббус вокуниши мусбат нишон хоҳад дод ё на, ҳанӯз дақиқ нест.

Нерӯҳои низомии Русияву Амрико дар Сурия дар алоҳидагӣ амалиёт анҷом медиҳанд. Вашингтон мегӯяд, Москва мавзеи мухолифини муътадилро бомбаборон карда, талош дорад ба президенти Сурия Башор Асад кумак расонад.

XS
SM
MD
LG