Ссылки доступа

Пули миллии Белорус бори севум иваз шуд


Белорус аз 1 июл ба пули миллиаш тағйирот ворид мекунад. Ба ин тартиб, асъори хурдтарин, дар айни ҳол, 100 рубли белорусӣ ба як тин ё копейка баробар мешавад.

Пулҳои пешин то охири соли ҷорӣ дар муомилот боқӣ мемонанд. Баъди ин муддат пулҳои пешинро мешавад то ду соли дигар дар бонкҳо ба асъори нав табдил кард.

Арзиши молҳо ва хизматрасониҳо, ҳамчунин маош, нафақа, идрорпулӣ, боқимондаи маблағи бонкӣ акнун бар асоси асъори нав пардохт ва ҳисобу китоб мешаванд. Мақомоти Белорус ба ҳамаи мағозаҳо дастур додааст, ки сар аз 1 июл арзиши маҳсулотро бо назардошти ду асъор нишон диҳанд.

Ҳар кадом аз пули нав ба яке аз вилоятҳои Белорус бахшида шудааст. Рӯи боарзиштарин пули Белорус - 500 рублӣ акси пойтахти ин кишвар инъикос ёфтааст. Ин севумин навбати тағйирёбии пули миллии Белорус аз соли 1991 ба ин тараф аст.

XS
SM
MD
LG