Ссылки доступа

Тоҷикистон "роҳи фирор"-и сокинонашро ба Қирғизистон баст


Вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 30 июн бо аксарияти оро созишнома миёни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таври содда қабул кардани шаҳрвандии ду кишварро якҷониба бекор карданд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ин созишнома метавонист боиси сар задани баъзе баҳсҳо дар таъйини хатти марзҳои Тоҷикистон гардад ва аз ин рӯ ҳукумати кишвар пешниҳод кард, ки он якҷониба бекор шавад.​

Намояндагони палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон мегӯянд, ҳангоми баррасии масъалаи бекор кардани созишнома мавридҳои дигарро ҳам ба назар гирифтаанд. Ба гуфтаи онҳо, гӯиё сокинони кишвар шаҳрвандии Қирғизистонро барои дарёфти шаҳрвандии Русия ва ё ба хотири гурез аз хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қабул мекардаанд.

Созишномаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандӣ моҳи майи соли 2004 дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд. Бар пояи ин санад шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар ҳудуди яке аз ин кишвар ҳамсар, падару модар, хоҳару бародар, фарзанд ё бобову бибиашон зиндагӣ мекунанд, метавонанд ба таври содда шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кунанд.

XS
SM
MD
LG