Ссылки доступа

ТВ-ҳои Ӯзбекистон муштариҳои машҳури Аҳмадбойро фош карданд


Шабакаҳои телевизиони Ӯзбекистон 30 июн дар бораи Аҳмад Турсунбоев, маъруф ба "Аҳмадбой" ва муассиси боздоштшудаи пирамидаи молӣ аз ноҳияи Чинози вилояти Тошканд дувумин филми мустанадро намоиш дода, ӯро бори дигар қаллоб муаррифӣ карданд.

Шабакаҳои телевизиони ҳамсоякишвар мегӯянд, дар баробари сокинони оддӣ баъзе аз сарояндаву ҳаҷвнигорони машҳур, ҳокимон ва ҳатто сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ низ муштарии Аҳмадбой будаанд.

Худи муассиси пирамидаи молӣ низ дар ин филм тасдиқ кард, ки аз баъзе ҳокимону сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ ва мансабдорони воломақоми давлатӣ бо ваъдаи фоизҳои баланд пул гирифтааст.

Аҳмад Турсунбоев ҳамчунин ба қаллобии худ иқрор карда, аз муштариёнаш узр хост ва изҳор дошт, ки пирамидаи молияш муфлис шуда, ҳоло дар як ҳолати бунбаст қарор дорад.

Ёдрас мешавем, ки аввалин филми мустанад дар бораи Аҳмадбой 16 июн, баъди як рӯзи боздошташ намоиш дода шуд.

XS
SM
MD
LG