Ссылки доступа

S&P баъди Brexit рейтинги ИА-ро поин бурд


Оҷонсии байналхалқии рейтингии Standard & Poor’s мақоми Иттиҳоди Аврупоро (ИА) дар пасманзари нигарониҳои марбут ба ягонагии ин созмон баъди хуруҷи Бритониё, поин бурдааст.

Бархе аз ҳизбҳои аврупоии интиқодгари Иттиҳод аз хуруҷи Бритониё истиқбол карда, давлатҳои дигар, ба вижа Фаронсаро низ даъват кардаанд, ки барои берун рафтан аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо раъйпурсӣ баргузор кунад.

Standard & Poor’s мақоми кредитии Иттиҳодро аз "АА+" то "АА" поин оварда. Ба андешаи оҷонсии кредитӣ аз Уолл-стрит, хуруҷи Бритониё ба буҷаи Иттиҳод таъсир мерасонад. Соли 2016 Олмон, Фаронса ва Бритониё мутаносибан 21, 16 ва 13 дарсади маҷмуи умумии буҷаи Иттиҳодро пардохтаанд.

"Пешгӯии даромадҳо, баназаргирии сармояи тӯлонимуҳлат ва дигар нукоти сармояи калидии Иттиҳод ба мушкилоти ҷиддӣ дучор мешавад", - омадааст дар хабари оҷонсӣ. Дар ҳамин ҳол, оҷонсӣ мегӯяд, рейтинги минбаъдаи Иттиҳод муътадил хоҳад буд ва ҳеч тағйироте ворид нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG