Ссылки доступа

Назарбоев: иқтисод "фишори пурқудрати хориҷӣ"-ро пушти сар мекунад


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон мегӯяд, иқтисоди кишвараш "фишори пурқудрати хориҷӣ"-ро пушти сар мекунад. Қазоқистон, ки аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) аст, аз соли гузашта узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ)-ро низ ба даст овард.

Назарбоев ин суханҳоро дар рафти ҷаласаи натиҷагирии аз барномаи давлатии саноатсозӣ дар нимаи аввали соли ҷорӣ, гуфтааст.

Президенти Қазоқистон афзудааст, фаъолияти иқтисодӣ дар кишвар бо шарофати "таъсири густардаи давлатӣ ва сармояҳо" сари по аст. Ба гуфтаи вай, дар робита ба "хатарҳои нав", ки иқтисоди ин кишвар рӯ ба рӯст, барномаи саноатсозии ин кишвар бояд ислоҳ гардад.

"Имрӯз таъсиси манбаъҳои нави рушди иқтисод ҳатмӣ аст. Дар робита ба ин дар солҳои оянда ҳукумат талошашро бояд ба истеҳсоли маводи ғизоӣ, метталургия, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва маводи нафтӣ равона кунад", - гуфтааст Назарбоев.

XS
SM
MD
LG