Ссылки доступа

Боздошти ҷавони 25 сола барои кандани нақби қочоқбарони ӯзбеку қирғиз


Дар Қирғизистон барои кандани нақби зеризаминие, ки моҳи марти соли равон боиси баста шудани марзҳои ин кишвар бо Ӯзбекистон гардид, як ҷавони 25-соларо боздошт карданд.

Чуқурии нақб 7-8 метр ва дарозиаш 110 метр буда, онро марзбонони ӯзбек ҳанӯз 17 марти соли равон ошкор ва ҳамтоёни қирғизашонро огоҳ карда буданд.

"Ҷавони боздоштшуда дар кандани нақбе, ки аз манзилаш то он сӯи марзи Ӯзбекистон мерасид, айбдор мешавад", - омадааст дар қарори додгоҳ. Зидди вай ҳамчунин бо гумони қочоқи мол ба воситаи ин нақб ба кишвари ҳамсоя, вайрон кардани қонуни муҳоҷират ва фирор аз пардохти боҷи гумрукӣ айб эълон гардидааст.

Ёдрас мешавем, бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ 25 марти соли равон хабар дода буд, ки марзбонони ӯзбек 17 март як нақби зеризаминиро ошкор кардаанд, ки он аз манзили як сокини деҳаи Қирғиз-Киштаки ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон ба манзили сокини деҳаи Борбалиқи ноҳияи Алтиариқи Ӯзбекистон пайваст шудааст.

Марзбонони Ӯзбекистон он замон ба ҳамтоёни қирғизашон гуфта буданд, ки эҳтимол дорад, ин нақби зеризаминиро барои интиқоли адабиёти динии экстремистӣ, қочоқи мол ва силоҳ сохтаанд.

Мақомоти қудратии Қирғизистон мегӯянд, ин нақбро хеле зуд ошкор карда буданд, аммо то ҳол шахсеро, ки онро канда буд, боздошт накарданд. Зеро марзбонони ӯзбек қаблан гуфта буданд, ки эҳтимоли ворид шудани ифротгароён тариқи нақби мазкур ба вилояти Фарғона вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG