Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои зидди Русияро тамдид кард


Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳримҳои иқтисодиро зидди Русия то охири моҳи январи соли 2017 тамдид кард.

Ин тасмим зимни ҷаласаи ахири Шӯрои ИА барои пурра иҷро нагардидани созишномаи Минск оид ба ҳалли осоиштаи низоъ дар шарқи Украина аз сӯи Москва, гирифта шудааст.

ИА ва ИМА моҳи июли соли 2014 зидди бахшҳои мудофиа, молия ва энергетикаи Русия таҳрим эълон карда, Москваро дар он айбдор кард, ки аз ҷудоихоҳони Донбасс ҳимоят мекунад. Русия низ дар посух ҳама гуна пайванд бо ҷудоихоҳонро рад ва воридоти маҳсулотро аз ИА манъ кард.

XS
SM
MD
LG