Ссылки доступа

Дар Бағдод беш аз 130 нафар қурбони террор шуданд


Дар Бағдоди Ироқ дар як таркиш, ки шаби 3 июл рух дод, бештар аз 130 кас кушта ва наздики 200 нафари дигар маҷруҳ шуд. Дар ин бора телевизиони "Ал-Ҷазира" бо такя ба пулиси Ироқ хабар медиҳад.

Масъулияти ин таркишро гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" бар зимма гирифтааст.

Дар бораи қурбониёни таркиш то кунун иттилои расмӣ нарасидааст. Ҳукумати Ироқ мегӯяд, зери деворҳои харобшуда мумкин аст чанд нафар боқӣ монда бошад.

XS
SM
MD
LG