Ссылки доступа

Русия ба Тоҷикистон 830 000 тонна нафти бе боҷи гумрукӣ медиҳад


Русия солона то як миллион тонна маҳсулоти нафтиро бе гирифтани боҷи гумрукӣ дар ихтиёри Тоҷикистон хоҳад гузошт. Ин созишномаи миёни Душанбеву Москва ҳанӯз соли 2013 қабул шуда, аммо танҳо охири ҳафтаи гузашта аз сӯи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, имзо шуд. То кунун ин санад муваққатӣ амал мекард.

Созишнома бекор кардани боҷи гумрукиро ба маҳсулоти нафтие, ки аз Русия ба Тоҷикистон барои истифодаи дохилӣ ворид мешавад, дар назар дорад. Гап дар бораи 1 миллион тон маҳсулоти нафтӣ меравад. Ин як миллион тон бензин, сӯзишвории дизелӣ, сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои реактивӣ, мазут, битум, газ ва кокси нафтиро дар бар мегирад.

Дар гузашта Тоҷикистон мехост, ҳаққи реэкспорти маҳсулоти нафтии бе боҷи гумрукиро ба кишвари севум дошта бошад ва ҳатто пешниҳод карда буд, ки омода аст барои содироти дигарбора боҷи гумрукӣ супорад. Дар сурати ошкор шудани реэкспорт ҷониби Русия ҳақ дорад, ки ба таври якҷониба созишномаро қатъ кунад.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Русия, созишномаи муваққатӣ аз 12 ноябри соли 2013 амал мекунад. Тибқи иттилои Хадамоти федеролии гумруки Русия, дар давраи созишномаи муваққатӣ ҳамасола аз 200 ҳазор то 600 ҳазор тонн сӯзишворӣ ба Тоҷикистон содир шудааст.

Воридоти бидуни боҷи гумрукии маҳсулоти нафтии Русия аз ҷумлаи имтиёзҳоест, ки Маскав дар ивази то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи низомии 201-умаш дар Тоҷикистон ва аз ҳаққи иҷораи ин пойгоҳ даст кашидани Душанбе ба ин кишвар ато кард.

XS
SM
MD
LG