Ссылки доступа

Миёни гумонбарони ҳамлаҳои Оқтеппа ноболиғон ҳам ҳастанд


Додгоҳи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон 9 нафари гумонбар дар ҳамлаҳои хунини 5 июнро ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Дар ин бора хабаргузории русии "Интерфакс" бо истинод ба хадамоти матбуотии ин додгоҳ иттилоъ дода, мегӯяд, гумонбарон аз 16 то 29 сол дошта, тафтиши парвандаи онҳо идома дорад.

Рӯзи 5 июни соли равон дар вилояти Оқтеппа як гуруҳи мусаллаҳ ду фурӯшгоҳи силоҳро ғорат карда, ба қисми низомии Гвардияи миллӣ ҳамла карданд, ки дар натиҷа чаҳор сокини осоиштаву се низомӣ кушта шуд. Дар пайи амалиёти зидди террористӣ, ки аз 5 то 12 июн идома ёфт, 18 гумонбари эҳтимолии ҳамлаҳои мазкур нобуд карда шуда, ба камияш 9 нафар боздошт гардида буд.

Ҳеч кадоме аз гуруҳҳои маъруфи экстремистӣ масъулияти ин ҳамлаҳоро бар зимма нагирифтанд.

XS
SM
MD
LG