Ссылки доступа

FAZ: террористон ҳамчун гуреза ба ИА ворид шудаанд


Ҳадди ақал 17 ҷонибдори "Давлати исломӣ" дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо ҳамчун гуреза паноҳанда шудаанд.

Дар ин бора Ханс-Георг Масен, сардори Идораи федеролии ҳифзи Конститутсияи Олмон дар як мусоҳиба бо нашрияи Frankfurter Allgemeine Zeitung (FAZ) хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, "иттилои радношудани дар ин бора" дар ихтиёр дорад. Бисёрии террористон, ки бо дастури фармондеҳони ҷиҳодӣ амал мекарданд, то кунун зиндонӣ ва ё кушта шудаанд. Ду террорист зимни террорҳои Порис дар моҳи ноябри соли 2015 кушта шуд.

Тавре "Мавҷи Олмон" хабар медиҳад, моҳи июн мақомти қудратии Олмон дар ҳудуди ин кишвар се террористро боздошт карданд. Пулис мегӯяд, ин се нафар ният доштанд дар маркази Дюсселдорф террор анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG