Ссылки доступа

Силсилаи таркишҳо дар Арабистони Саудӣ


Террористи маргталаб дар назди Масҷиди Паёмбар (с) дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ худро инфиҷор кард. Ба иттилои шабакаи телевизионии "ал-Арабия", инфиҷор дар назди нуктаи хадамоти амниятӣ рух додааст.

Дар наворҳои видеоӣ мошине дар ҳоли сӯхтор дида мешавад. Дар бораи маргу мир ҳоло хабар нарасидааст.

Пештар аз ин ду таркиш дар шаҳри Қатиф, дар шарқи Арабистони Саудӣ рух дода буд. Як бомбаи дигар дар назди сафорати ИМА дар шаҳри Ҷидда таркид. Хабар дода мешавад, дар Қатиф, ки аксарият шиамазҳабанд, яке аз таркишҳоро марглабат анҷом дода, дар дувумӣ мошини ҳомили маводи мунфаҷира таркидааст. Дар шаҳри Ҷидда ҳангоме, ки кормандони пулис мехостанд ба террорист наздик шаванд, ӯ худро тарконид. Дар ин ҳодиса ду пулис захми сабук бардоштааст.

XS
SM
MD
LG