Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон додани фитри рӯза ба муллову сарватмандон манъ шуд


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон 4 июл бо амри наваш додани садақаи фитр ба рӯҳониёну афроди сарватмандро расман манъ кардааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии раҳбари давлат.

Вай аз сокинони кишвар даъват намудааст, ки садақаи фитрро бар пояи фармудаҳои шариати Ислом танҳо ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда расонанд ва аз ҷониби ин табақаҳо додани фитри рӯзаро ҷоиз надонистааст.

Президенти кишвар бо ин амраш мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро низ вазифадор кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои динӣ дар арафаи иди Рамазон чорабиниҳои хайриявиро амалӣ намоянд.

Инчунин Кумитаи дин муваззаф шудааст, ки якҷо бо Шӯрои уламои Маркази исломӣ, Маркази исломшиносӣ, Кумитаи телевизиону радио ва дигар воситаҳои ахбори омма муҳтаво ва таъиноти фитри рӯзаро ба аҳолии кишвар тарғиб намоянд.

Аз ин пеш, мансабдорони тоҷик дастури расмӣ гирифта буданд, ки фитри рӯзаашонро ба оилаҳои камбизоат, ятимону барҷомондаҳо ва бепарасторон супурда, аз натиҷааш ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон гузориш диҳанд.

Мансабдорону имом-хатибон ва соҳибкорон низ муваззаф шудаанд, ки рӯйхати аъзои оила ва чӣ қадар садақаи фитр доданашонро бо имзои худ ба дастгоҳ фиристанд.

XS
SM
MD
LG