Ссылки доступа

Хидматрасонии бонкҳои Ӯзбекистон бо асъори хориҷӣ маҳдуд шуд


Бонкҳои Ӯзбекистон сар аз моҳи июли соли равон дар амалиёти нақдинаи асъори хориҷӣ муваққатан маҳдудият ҷорӣ намуданд.

Тавре СА-News бо истинод ба нашрияҳои маҳаллӣ иттилоъ додааст, минбаъд ҳар муштарӣ дар як моҳ аз банкомат ё бонк наметавонад аз 300 доллари амрикоӣ бештар бигирад. Маҳдудияти рӯзона низ бекор нашудааст, ки он 100 долларро ташкил медиҳад.

Намояндагони бонкҳои Ӯзбекистон ҷорӣ шудани баъзе аз маҳдудиятҳо ҳангоми хизматрасонӣ бо асъори хориҷиро тасдиқ карданд. Аммо аз шаҳри он худдорӣ менамоянд. Ин гуна маҳдудият моҳи январи соли равон ҳам ҷорӣ шуда буду ба иттилои расонаҳо, мақомоти Ӯзбекистон он замон хостанд, бо ин роҳ мубориза зидди қонунигардонии даромадҳои номашруъ ва ғайриқонунӣ нақдина кардани пулҳоро сахтар кунанд.

Бархе аз иқтисодшиносон мегӯянд, ҳадафи навоварие, ки аз июли соли 2016 ба амал даромад, пурзӯр кардани назорат дар соҳаи муомилоти асъор ҳам ҳаст. Инчунин мақомот талош доранд, ки пасандозҳо дар ҳисобҳои бонкӣ боқӣ бимонад. Зеро худ барои ҳифзи пардохтпазирии бонкҳо сармоя надоранд. Нигаҳдоштани дороиҳо дар бонк ба мақомот имкон медиҳад, сармояҳоро дар дохил ҳифз ва хатари берунрафтанашонро коҳиш бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG