Ссылки доступа

Киштии "Юнона" баъд аз панҷ соли парвоз ба мадори Муштарӣ расид


Киштии кайҳонии "Юнона", ки вазифааш таҳқиқи майдонҳои магнитӣ ва гравитатсионии сайёраи Муштарӣ ва таҳқиқӣ атмосфераи он аст, ба мадори ин сайёра расидааст. Дар ин бора Оҷонсии амрикоии кайҳонӣ (НАСА) хабар медиҳад.

Кишти дар режими автопилот маневри 35-дақиқаӣ анҷом дод, ки дар он ҳолат суръати ҳаракаташро кам карда ва зери таъсири нерӯи гравитатсионии Муштарӣ қарор гирифтааст.

Парвози "Юнона" баъди парвози "Галилео" дувумин киштии кайҳонӣ аст, ки мадори Муштарӣ мебарояд. "Галилео" аз соли 1995 то 2003 дар мадори Муштарӣ буд. Барои расидан ба Муштарӣ, киштии кайҳониро, ки арзишаш 1 миллиард долларро ташкил медиҳад, панҷ сол лозим омад. Ин киштӣ соли 2011 парвоз карда буд ва аз он замон то кунун 3 миллиард километрро тай кардааст.

Агар ин лоиҳа натиҷаҳои мусбат ба бор орад, бори аввал олимон муваффақ мешаванд, ки зери абрҳои Муштариро бубинанд. Ба вижа олимон умедворанд, фарзияи мавҷудияти ядрои дуруштро дар Муштарӣ хоҳанд санҷид.

XS
SM
MD
LG