Ссылки доступа

Дар Қирғизистон нашри шиносномаҳои тақаллубиро тафтиш мекунанд


Хадамоти давлатии бақайдгирии Қирғизистон мегӯяд, шиносномаҳои тақаллубии ин кишвар, ки 17 май аз шаҳрвандони Чин ва 3 июл аз мусофирони хати сайри Украина дар Туркия мусодира шуданд, ба онҳо ҳеч рабте надоранд. Дар ин бора раиси хадамоти мазкур Тайирбек Сарпашев ба расонаҳо хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, ҳуҷҷатҳо мумкин аст дар хориҷи Қирғизистон нашр шуда бошанд.

"Мушкили шиносномаҳои тақаллубиро на танҳо мо дорем, балки кишварҳои дигар ҳам доранд. Аз ҳамин хотир мо мехоҳем шиносномаҳоеро роҳандозӣ кунем, ки маълумоти биометрии соҳиби онро дошта бошанд. Агар ҳуҷҷатҳо биометрӣ бошанд, пас мушкили шиносномаҳои тақаллубӣ ҳал мешавад", - мегӯяд Сарпашев.

3 июл дар фурудгоҳи Отатурки Истамбул ду мусофири хати сайри Украина боздошт шуданд. Яке аз онҳо бо худ се ID-корт ва панҷ шаҳодатномаи таваллуд дошт. 17 май бошад дар ҳамин фурудгоҳ 98 шаҳрванди Чин боздошт шуд, ки мехостанд бо шиносномаҳои қирғизӣ ба Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парвоз кунанд.

XS
SM
MD
LG