Ссылки доступа

Кӯдакфурӯшон зиндонӣ шуданд


Раиси додгоҳи махсус дар умури кӯдакони шаҳри Алмаатои Қазоқистон Женис Қорибоев дирӯз нисбати 32 муттаҳами парвандаи "фурӯши 27 тифл" ҳукм эълон кард.

Додгоҳ гуфт, гуноҳи судшавандаҳо, ки дар фурӯши кудакони ноболиғ бо маслиҳати пешакӣ, тақаллуби ҳуҷҷатҳо айбдор мешуданд, исбот гардид. 15 айбдоршаванда ба зиндон маҳкум шуда, аз панҷ то 9 сол муҳлат гирифтаанд.

Ба иттилои додгоҳ, кормандони шуъбаи зоймони беморхонаи вилояти Алмаато давоми 8 сол ба фурӯши атфол машғул будаанд. Онҳо, эҳтимолан, бархе аз занони ҷавонро розӣ мекардаанд, ки аз тифлаш даст кашад ва баъдтар барои он тифл волидони нав меҷӯстаанд.

XS
SM
MD
LG