Ссылки доступа

Эрдуғон: зодагони Қафқози Шимолӣ дар ҳамлаҳо даст доранд


Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия даст доштани шаҳрвандони ҷумҳуриҳои пешини шӯравиро ба ҳамлаи фурудгоҳи Истамбул тасдиқ кард.

"Мутаассифона, ба ин ҳамлаҳо ҳамсояҳои мо аз Қафқози Шимолӣ даст доранд", - гуфт Эрдуғон.

Эрдуғон баъди берун шудан аз намози иди Фитр бо рӯзноманигорон суҳбат кард ва гуфт, дар робита ба таркиши фурудгоҳ 30 гумонбар боздошт шудааст. Ба гуфтаи вай, миёни боздоштшудаҳо, зодагони Доғистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳастанд. Вай тасдиқ кард, ки ин таркишро гуруҳи "Давлати исломӣ" роҳандозӣ кардааст.

Шаби 28 июн дар фурудгоҳи Истамбул се таркиш рух дод. Бино бар иттилои расмӣ, 36 нафар кушта ва 150 тани дигар захмӣ шудааст. Ин таркишҳоро се террористи маргталаб амалӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG