Ссылки доступа

Дар Қазоқистон Рӯзи пойтахт таҷлил мешавад


18 сол пеш бо ташаббуси президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Остона пойтахти ин кишвар эълон шуд. То он замон пойтахти Қазоқистон шаҳри Алмаато буд.

То соли 2006 дар он кишвар рӯзи пойтахт 10 июн таҷлил мешуд, аммо он сол ба 6 июл кӯч баст. Аз соли 2008 ин ҷашн мақоми давлатӣ гирифта, 6 июл рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст. Рӯзи пойтахт бо рӯзи таваллуди Нурсултон Назарбоев - президенти нахустин ва то кунун ягонаи Қазоқистон мусодиф омадааст. Назарбоев ҳамакнун 76-солагиашро таҷлил мекунад.

Дар остонаи Рӯзи Остона мақомоти ин шаҳр хабар додаанд, ки сокини миллионуми пойтахт зода шудааст. Ин хабарро бархеҳо бо ҳазл пазируфтаанд, зеро дар ибтидои соли ҷорӣ хабар дода шуда буд, ки аҳолии шаҳр ҳамагӣ ба 871 ҳазор мерасад. Ҳокими Остона мегӯяд, дар шаш моҳ шумори сокинон 128 ҳазор бештар шудааст. Мақомот ин афзоишро бо он пайванд доданд, ки дар натиҷаи маъракаи давлатии қонунисозии дороҳои шаҳрвандон, бисёре аз ширкатҳо кормандонеро, ки бидуни қайд ба кор гирифта буданд, дар пойтахт сабти ном кардаанд.

XS
SM
MD
LG