Ссылки доступа

Наздики 4500 муҳоҷир дар як рӯз наҷот дода шудааст


Наздики 4500 муҳоҷир рӯзи сешанбе дар натиҷаи 30 амалиёти наҷотдиҳӣ дар халиҷи Ситсилия дар баҳри Миёназамин наҷот дода шуданд. Дар ин бора хабаргузории Agence France-Presse иттилоъ медиҳад.

Муҳоҷиронро бо кумаки киштиҳои нерӯҳои низомии Италия ва оҷонсии Иттиҳоди Аврупо дар умури сарҳад наҷот додаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Италия мегӯяд, бештар аз 70 ҳазор муҳоҷир дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба ин кишвар ворид шудааст. Дар нимаи аввали соли 2015 ба ин кишвар 71 ҳазор муҳоҷир омада буд, менависад хабаргузории tass.ru.

Ба иттилои Созмони байналхалқии муҳоҷират, аз 1 январ то 3 июл ба Аврупо тариқи роҳҳои обӣ 227 ҳазору 316 муҳоҷир ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG