Ссылки доступа

ИМА ният надорад низомиёнашро дар Афғонистон кам кунад


Ҳашт ҳазору 400 низомии Амрико то соли 2017 дар қаламрави Афғонистон боқӣ хоҳанд монд, гуфт Барак Обама, президенти ИМА рӯзи чаҳоршанбе зимни суҳбат бо рӯзноманигорон дар Кохи сафед.

Вай вазъ дар Афғонистонро ноором хонда, изҳор дошт, ки теъдоди низомиёни Амрико дар ин кишвар то охири соли равон коҳиш намеёбад. Ин дар ҳолест, ки тибқи нақша бояд шумори онҳо то ба 5,5 ҳазор нафар кам карда мешуд.

Обама қайд кард, ки вазифаи сарбозони Амрико дар Афғонистон тағйир нахоҳад ёфт. Онҳо қувваҳои мусаллаҳ ва неруҳои пулиси ин кишваро омӯзиш дода, дар мубориза зидди ҷангиёни Толибон ва гуруҳҳои дигар кумак хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG