Ссылки доступа

Ҳамаи айбдоршавандаҳои таркиши Домодедово озод шуданд


Светлана Тришина, мудири пешини фурудгоҳи Домодедово, ки дар доираи парвандаи таркиши соли 2011 дар ҳабси хонагӣ буд, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шудааст, хабар медиҳад ТАСС.

Қаблан Дмитрий Каменшик, молики ин фурудгоҳ ва мудирон Вячеслав Некрасов ва Андрей Данилов раҳо гардида буданд.

Ҳамаи ин чаҳор нафар дар хидматрасонии номувофиқ ба меъёрҳои амниятӣ дар робита ба ҳамлаи террористии 24 январи соли 2011 айбдор шуда, ба ҳабси хонагӣ маҳкум гардида буданд.

Дар натиҷаи амали террористие, ки аз ҷониби як маргталаб дар толори парвози фурудгоҳи "Домодедово" анҷом шуд, 37 нафар ҳалок ва беш аз 170 тани дигар захмӣ шуданд.

Моҳи июни соли равон тамоми зарардигаони таркиш баъди пардохт шудани ҷубропулӣ аз даъвои худ зидди раҳбарияти Домодедово даст кашиданд.

XS
SM
MD
LG