Ссылки доступа

Амволи мудири пешини GM-Uzbekistan-ро ба фурӯш гузоштанд


Тарабхонаҳои шабакаи "Малика" дар шаҳрҳои Воронеж, Липетск ва Ижевски Русия, ки ба Тоҳирҷон Ҷалилов, раҳбари пешини корхонаи муштараки Ӯзбекистону Амрико - GM Uzbekistan ва муовини пешини раиси ширкати саҳомии "Ӯзавтосаноат", тааллуқ доранд, ба фурӯш гузошта шудаанд.

Тавре бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ хабар медиҳад, Ҷалилов соҳиби як қатор корхонаҳои бузургу ширкатҳои тиҷорӣ дар Русия будааст. Сомонаи Avito ахиран эълон кард, ки тарабхонаҳои шабакаи ошхонаи шарқӣ дар Воронеж фурӯхта мешаванд.

Тоҳирҷон Ҷалилов, ки аз соли 2010 инҷониб ширкати мошинсозиро раҳбарӣ мекард, охирҳои моҳи апрели соли равон бо айби азхуд кардани пулҳои корхона аз роҳи қаллобӣ дастгир шуд. Вай дар "ташкили нақшаи содироти ғайриқонунии мошин ба Русия" айбдор мешавад.

Бино бар иттилои манбаъҳои радио, ҳоло дар доираи ин парванда ба ҷуз Ҷалилов дасти кам 10 нафари дигар, аз ҷумла писараш дар боздоштгоҳанд.

Мудири кулли пешини GM Uzbekistan як соли пеш ба ҳайси шоҳид дар доираи як парвандаи ҷиноӣ, ки зидди Николай Полуказаков сардори пешини Шуъбаи хадамоти муҳоҷирати Воронеж боз шуда буд, баромад мекард. Полуказаков ба муҳлати 8 сол равонаи зиндон шуд.

Вай дар гирифтани мошини навъи Volkswagen Touareg аз Виктор Лапин, раиси хадамоти амниятии ООО "Uz-Daewoo – Воронеж" ҳамчун пора айбдор эълон гардид. Бар пояи иттилои муфаттишони рус, ин мошини 2,5 миллион рублӣ ба Полуказаков бар ивази иҷозаи будубоши муваққатӣ ва кор ба шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Русия туҳфа шудааст.

XS
SM
MD
LG