Ссылки доступа

Chevron сармоягузориро дар кони Тенгизи Қазоқистон густариш медиҳад


Ширкати Chevron эълон кард, ки сармоягузориро дар кони нафти Тенгизи Қазоқистон густариш медиҳад. Тавре дар хабари расмӣ омадааст, густариши сармоягузорӣ имкон медиҳад, ки истихроҷи нафт 260 ҳазор бушка бештар шуда, дар як рӯз ба миллион бушка бирасад. Тавре интизор меравад, истихроҷи нафт дар соли 2022 оғоз хоҳад шуд.

Ширкати Chevron 50 дарсади саҳмияҳои корхонаи муштараки "Тенгизшевройл"-ро, ки ба коркарди кони нафт машғул аст, соҳиб мебошад. Exxon, «КазмунайГаз» ва «Лукойл» шарикони ин корхона ҳастанд. Ба гуфтаи Канат Бозумбоев, вазири энергетикаи Қазоқистон "қисмати бузурги" сармоя барои густариши кон аз ҳисоби маблағҳои нақдии «Тенгизшевройла» пардохта мешавад.

Дар бораи густариши сармоягузорӣ дар кони Тенгиз дар ҳоле хабар дода мешавад, ки дар тамоми ҷаҳон аз сармоягузорӣ ба чунин тарҳҳо худдорӣ мекунанд. Коҳиши сармоягузорӣ ба триллионҳо доллар расидааст ва ин коҳиш ба афтодани нархи нафт рабт дода мешавад. Дар моҳи январи соли ҷорӣ арзиши нафт дар 12 соли охир ба пойинтарин нукта расид.

XS
SM
MD
LG