Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ғоратгарони "рутбадор"-и сайёҳони русро меҷӯянд


ВКД Қирғизистон дуздонеро, ки дар наздикии шаҳри Токмоки ин кишвар сайёҳони русро ғорат карданд, меҷӯяд. Дар ин бора хадамоти матбуотии ВКД он кишвар иттилоъ медиҳад.

Зану шавҳар Дмитрий ва Ирина Ребровҳо ба пулис шикоят кардаанд, дар наздикии шаҳри Токмок чанд марде худро пулис муаррифӣ карда, онҳоро ғорат намуданд. Ҳодисаи мазкур 4 июл рух дода, Ребровҳо он замон мехостаанд барои истироҳат ба Иссиқкӯл раванд.

Аз рӯи далели дуздии сайёҳон шуъбаи тафтишотии пулиси минтақавӣ парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Мақомот барои пайдо кардани ғоратгарон амалиёти ҷустуҷӯӣ ба роҳ мондаанд.

XS
SM
MD
LG