Ссылки доступа

Беш аз 5 ҳазор нафарро ба рухсатии маҷбурӣ фиристодаанд


Рухсатии маҷбурии бемузд бештари сокинони Тоҷикистонро, ки аз ҷойи корашон барканор шудаанд, дар дуроҳа қарор додааст. Ин сокинон ба умеде, ки рӯзе корфармо онҳоро дубора ба кор даъват хоҳад кард, аз талаби қонунии ҷубронпулӣ худдорӣ менамоянд.

Дар се моҳи аввали соли равон бар пояи як пажӯҳиши Агентии омори Тоҷикистон 5 ҳазору 400 сокини кишвар аз ҷойи корашон ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шудаанд. Таҳмина Шодиеваи 32-соларо, ки то 7 моҳи пеш дар яке аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон кор мекард, бе пардохти ҷубронпулӣ ба рухсатии маҷбурӣ фиристоданд.

Ин ҷавонзан мегӯяд, раҳбарияташон ваъда додааст, ки баъди хуб шудани вазъи бонк дубора онҳоро ба кор мегирад, аз ин рӯ, ӯ ва чанде аз ҳамкоронаш барои гирифтани ҷубронпулӣ талош накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси Кодекси меҳнати Тоҷикистон дар сурати ба рухсатии маҷбурӣ фиристодан корфармо вазифадор аст, то замони кори дигар пайдо кардан ва ё дубора ба кор гирифтани корманд ба ӯ барои чанд моҳ пурра ва ё қисман маошашро пардохт кунад.

Лутфулло Салихов, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, бештари корхонаҳои хусусӣ ва давлатӣ ҳангоми аз кор озод кардан ё ба рухсатии маҷбурии бемузд фиристодан аз шартонамҳои дохилӣ, ки аксаран ба нафъи кормандон нест, кор мегиранд.

Сафи бекорон ҳоло дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, бино бар иттилои Агентии оморӣ дар кишвар расман наздик ба 55 ҳазор бекоранд. Аммо коршиносон мегӯянд, шумори дақиқи шахсони бекор дар кишвар аз ин нишондод бамаротиб бештар аст.

XS
SM
MD
LG