Ссылки доступа

Истироҳатгоҳҳои пешини Ӯзбекистон дар Иссиқкӯл табдили ном карданд


Бунёди идораи моликияти давлатии Қирғизистон номи се истироҳатгоҳеро, ки қаблан ба Ӯзбекистон тааллуқ доштанд ва баҳори имсол ба ихтиёри Бишкек гузошта шуданд, иваз кард.

Ба иттилои бунёд, истироҳатгоҳи пешини "Роҳат" акнун номи "Алитн жай", "Дилором"-и пешин ҳоло "Эне-Сай" ва "Регҳои тилоӣ" номи "Бостери"-ро гирифтаанд. "Бустон" номи собиқашро ҳифз кардааст.

Истироҳатгоҳҳои мазкур пештар ба ҷониби Ӯзбекистон тааллуқ доштанд, аммо 4 апрел ҳукумати Қирғизистон онҳоро ба моликияти миллӣ табдил дод.

XS
SM
MD
LG