Ссылки доступа

ИМА бори нахуст зидди Ким Чин Ин таҳрим эълон кард


ИМА бори нахуст зидди Ким Чен Ин, раҳбари кунунии Куриёи Шимолӣ таҳрим эълон карда, ӯ ва 10 мансабдори ин кишварро дар дағалона вайрон кардани ҳуқуқи инсон гунаҳкор намуд.

Вазорати молияи ИМА 6 июл эълон кард, ки дар робита ба Куриёи Шимолӣ иқдомҳои наверо рӯи даст гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки Департаменти давлатии ИМА бо нашри як гузориш Ким Чен Инро дар эъдомҳои ғайрисудию меҳнати маҷбурӣ ва шиканҷа айбдор кард.

Дар гузориши мазкур номи наздик ба 20 мансабдоре ҳам гирифта шудааст, ки бар пояи баҳои ИМА дар ташкили лагерҳои кории маҷбурӣ, рабудани гурезаҳои Куриёи Шимолӣ ва ҷиноятҳои дигар даст доранд.

Дар гузашта ИМА зидди раҳбарони кишварҳои дигар, аз ҷумла Александр Лукашенко, президенти Белорус ва Башор Асад, президенти Сурия таҳрим ҷорӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG