Ссылки доступа

"Шаҳри бехатар"-и Тошканд фаъол шуд


Дурбинҳои назоратии кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Тошканд сабти қоидавайронкуниҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои пойтахти Ӯзбекистонро оғоз карданд.

Дар ин бора Зойир Саидалиев, сардори Раёсати корҳои дохилии Тошканд дар суҳбат бо нашрияи "Норма" иттилоъ додааст. Ба гуфтаи Саидалиев, ҳоло дар 120 чорроҳаи пойтахти Ӯзбекистон дурбинҳои назоратӣ насб шудааст.

"Дурбинҳо алакай фаъоланду сабти қоидавайронкуниҳоро оғоз кардаанд. Ронандагони воситаҳои нақлиёт баъди қабули қонуне, ки истифодаи ин низомро ба танзим медарорад, аз ҳаҷми ҷаримаву шумори қоидавайронкуниҳояшон огоҳ карда мешаванд", - мегӯяд сардори РКД Тошканд.

Саидалиев гуфт, маълумот дар бораи қоидавайронкуниро системаи назорати видеоӣ ба маркази иттилоот пешниҳод намуда, марказ онро дар муҳлати се рӯз ба суроғаи ҷойи зисти ронанда мефиристад ва ронанда низ вазифадор аст, дар 60 рӯзи тақвимӣ ҷаримаро бисупорад. Дар сурати таъхир, мошини ӯ ба тавақуфгоҳи ҷаримавӣ интиқол дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG