Ссылки доступа

Аз ширкати қазоқие, ки кӯдаконро заҳролуд карда буд, ҷубронпулӣ талаб доранд


Намояндагони эътилофи "Кӯдакон ё нафт?" аз номи волидони кӯдакони деҳаи Березовкаи вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ба ширкате, ки дар консорсиуми Karachaganak Petroleum Operating B. V. шомил аст, дархостнома фиристодаанд. Ин ширкат ба коркарди кони нафти Карачаганак машғул аст.

Дар ин дархостнома, ки имзои 11 падару модар ва 77 созмони ҳомии ҳуқуқи қазоқистонӣ ва байналхалқиро дорад, талаб мешавад, ки консорсиум масъул аст, то кӯдакони бемори Березовкаро барои ташхиси тиббӣ ва табобат бо маблағ таъмин кунад.

"Бемории кӯдакон мустақиман бо партовҳои токсикие, ки дар кони Карачаганак рух додааст, вобаста аст. Аммо волидони кӯдакон на аз косорсиум ва на аз ҳукумати Қазоқистон барои зарари расида ҷуброн дарёфт накардаанд", - шарҳ додааст Сергей Соляник, яке аз намояндагони эътилофи "Кӯдакон ё нафт?".

Деҳаи Березовка дар наздикии кони калонтарини нафту гази Карачангак ҷойгир аст. Дар охири моҳи ноябри соли 2014 дар ин деҳа 26 хонандаи мактаб ба таври дастаҷамъӣ заҳролуд шуданд. Баъди он ҳодиса ин кӯдакон гоҳ-гоҳ ба беҳушӣ ва табларза гирифтор мешаванд. Сокинон ин ҳодисаро мустақиман ба кон рабт медиҳанд. Аммо мақомот мегӯянд, кӯдакон аз гази мактаб заҳролуб шуда буданд.

Охири соли 2015 аз Березовка 82 хонаводаро ба шаҳри Оқсой кӯчониданд. Ҳанӯз 72 хонаводаи дигар дар ин деҳа ба сар мебаранд. Интизор меравад то охири имсол онҳо низ кӯчонида шаванд.

XS
SM
MD
LG