Ссылки доступа

Қирғизистон мумкин аст аз Тоҷикистон барқ ворид кунад


Бо дастури ноиб-сарвазири Қирғизистон Олег Панкратов, ширкатҳоди давлатии энергетикӣ масъалаи воридоти барқи Тоҷикистонро ба Қирғизистон меомӯзанд, хабар медиҳад маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон.

Ахиран Олег Панкратов барои омодагӣ ба зимистонигузаронии 2016-2017 ҷаласа баргузор кардааст. Шарти мусбат пушти сар кардани зимистонро Панкратов захираи кофии об дар обанбори Токтогул номидааст.

Вай ҳамчунин ба роҳбарони ширкатҳои Холдинги миллии энергетикӣ, "Шабакаи миллии энергетикии Қирғизистон", "Пойгоҳҳои барқӣ" дастур додааст, ки масъалаи харидани барқ аз Тоҷикистонро дар тобистони соли ҷорӣ биомӯзанд.

Ин барои захираи об дар обанбори Токтогул зарур аст. Дар иваз ҳукумати Қирғизистон пешниҳод дорад, ки дар фаслҳои дигари сол ба Тоҷикистон барқ диҳад.

XS
SM
MD
LG