Ссылки доступа

Обама аз НАТО даъват дорад, ки иродаи сиёсӣ нишон диҳад


Барак Обама, президенти ИМА гуфт, НАТО бояд иродаи сиёсӣ нишон диҳад ва масъулият дошта бошад, ки ба хатарҳо посух диҳад.

Ба вижа, ба хатарҳое, ки аз сӯи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ", Русия ва хатарҳои вобаста ба беруншавии Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо мерасанд. Дар мусоҳиба бо нашрияи Financial Times Обама чанд соат қабл аз шуруъи саммити НАТО дар Варшава гуфт, "ин мумкин аст муҳимтарин замон барои НАТО баъди анҷоми Ҷанги сард бошад".

Интизор меравад, ки НАТО барои ҷилавгирӣ аз Русия паём мефиристад ва ягонагии худро дар пасманзари мубориза бо ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ", мавҷи муҳоҷирон ба Аврупо, натиҷаҳои Brexit ва нишонаҳои наҳзати "Толибон" дар Афғонистон ба намоиш мегузорад. Таваҷҷуҳи асосӣ, тавре интизор меравад, ба Русия равона хоҳад шуд.

"Хушунати Русия зидди Украина ба ягонагӣ, сулҳ ва озодии Аврупо таҳдид мекунад", - мегӯяд Обама. Вай ҳамчунин аз ҳамлаҳои "Давлати исломӣ" "ба кишварҳои узви НАТО - аз Орландо то Порис, Брюссел ва Истамбул, ки одамони бегуноҳ кушта шудаанд", ҳарф задааст.

Мулоқоти дар Варашава охирин саммити НАТО қабл аз ба поён расидани муҳлати президентии Барак Обама хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG