Ссылки доступа

Salini Impregilo: ду чархаи аввали Роғун соли 2018 ба кор медарояд


Ширкати итолиёии Salini Impregilo мегӯяд, чархаи нахустини неругоҳи барқию обии Роғунро моҳи августи соли 2018 ва чархаи дувумро моҳи октябри ҳамон сол ба кор хоҳад даровард.

Ин ширкат 27 июни соли равон дар тендери байналмилалии интихоби ширкати пудратчии Роғун ғолиб омада бо ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони ин нерӯгоҳ як ҳафта пеш қарордод имзо намуд.

Salini Impregilo таъкид мекунад, ки баробари ба кор даромадани ин нерӯгоҳ, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон як маротиба афзоиш хоҳад ёфт. Бино бар иттилои ширкат, пеш аз муҳлат ба истифода додани ин ду чархаи аввал ба хотири фурӯши барқ ва бо сармояи ба дастомада идома додани сохтмони нерӯгоҳ аст.

Ширкат гуфтааст, ки ҳоло танҳо барои сохтмони қисмати аввали нерӯгоҳ бо ҳукумат қарордод имзо кардааст, ки 1 миллиарду 95 миллион доллар хароҷот дорад. Ин ширкат мегӯяд, дар маҷмӯъ сохтмони пурраи нерӯгоҳи Роғун 13 соли дигар тӯл хоҳад кашид ва ин сохтмон 3 миллиарду 900 миллион доллар ҳазина хоҳад дошт.

Ёдрас мешавем, ки бештари сокинони Тоҷикистон ҳамасола аз моҳи сентябр то моҳи апрел дар як шабонарӯз 4-5 соат нерӯи барқ мегиранд. Қаблан барои аз байн бурдани ин норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи бузург - "Сангтӯда-1"-у "Сангтӯда-2" ва даҳҳо нерӯгоҳҳои хурд бунёд карданд, вале ин мушкил ҳалли худро наёфт.

Мушкили дигар ин мухолифати Ӯзбекистон аст, ки иддао дорад, тарҳи Роғун боиси сарзадани офатҳои экологӣ дар минтақа хоҳад шуд. Ҳарчанд таҳқиқоти байналмилалӣ исбот намуд, ки ин иддао беасос аст.

XS
SM
MD
LG