Ссылки доступа

Корхонаи нассоҷии Алмалик ба коми оташ рафт


Дар корхонаи нассоҷию қолинбофии шаҳри Алмалики вилояти Тошканд сӯхтор ба амал омада, тамоми таҷҳизоту маҳсулоти онро нобуд кардааст.

Манбаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ дар шаҳрдории Алмалик хабари оташ гирифтани ин корхонаи марбут ба ҶДММ "Жасмин-Текстил"-ро тасдиқ кард.

"Сӯхтор шабона, вақте касе набудааст, рух дода, бар пояи фарзияҳои ибтидоӣ, расиши кутоҳи ноқилҳои барқ сабаб гардидааст. Масоҳати сухтор 290 метри мураббаъро ташкил дода, дар натиҷа тамоми маҳсулоти синтетикию таҷҳизот ба коми оташ фурӯ рафтаааст", - мегӯяд манбаъ.

Ба гуфтаи вай, азбаски сухтор шабона рух дод, касе осеб надидааст.

Ёдрас мешавем, расо як моҳ пеш дар корхонаи нассоҷии Тошканд таркиш ва сӯхтор ба амал омада буд.

XS
SM
MD
LG