Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ғоратгарони сайёҳони русро дастгир карданд


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мегӯяд, ғоратгарони сайёҳони рус дастгир шуданд.

Боқит Сеитов, сухангӯи ин ниҳод дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, бо гумони ғорат кардани сайёҳони рус, ки фарзанди маъюбашонро барои табобат мебурданд, ду нафар боздошт гардидааст.

"Ин ду кас кормандони пешини пулисанд, ки барои содир кардани ҷиноят аз кор ронда шудаанд. Дастгиршудаҳо ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии ВКД нигаҳдорӣ мешаванд", - афзудааст манбаъ.

Бино бар иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо яке 41 дувумӣ 47 сол доранд.

Аввалӣ барои содир кардани ин навъи ҷиноят - ғорати шаҳрвандони хориҷӣ ва дувумӣ барои даст доштан дар як ҷиноят аз кор ронда шудаанд. Саитов афзудааст, ки қарори ҳабси дастгиршудаҳо 9 июл баррасӣ шуда, то он замон ному насаб ва акси онҳо нашр карда намешавад.

Рӯзи 4 июл дар наздикии шаҳри Токмоки Қирғизистон ду мард худро корманди пулис муаррифӣ карда, як зану шавҳар аз вилояти Волгогради Русияро ғорат кардаанд. Хонаводаи Ребровҳо фарзанди маъюбашонро ба Иссиқкӯл мебурдаанд.

Ҳоло дар Қирғизистон маъракаи ҷамъоварии маблағ ба сайёҳони рус оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG