Ссылки доступа

Радиои Озодӣ ба озодии рӯзноманигор даъват дорад


Радиои Озодӣ аз мақомоти Туркманистон даъват дорад, то рӯзноманигор Сафармамад Непесқулиев, хабарнигори ғайриштатии ин радио ва дигар расонаҳои мустақилро раҳо кунад.

Президенти Радиои Озодӣ Томас Кент таъқиби ҷиноии Непесқулиевро "ҳайратангезона ва ғайриинсоӣ" номидааст.

"Мақомот бар ин назаранд, ки метавонанд хомӯшона ва бемуҷозот, бидуни додгоҳи боадолат рӯзноманигореро, ки дар бораи ҷомеааш воқеона менавишт, зиндонӣ кунанд", - мегӯяд Томас Кент.

Непесқулиев як сол пеш ғайб зад. Баъдтар маълум шуд, ки ӯро боздошт кардаанд. 31 августи соли 2015 пушти дарҳои баста додгоҳ рӯзноманигорро барои нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир се сол зиндонӣ карданд. Ӯ дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад, то кунун дақиқ нест. Вакилони дифоъро ҳам намегузоранд, ки наздаш раванд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, парвандаи Непесқулиев бо ангезаҳои сиёсӣ сотхакорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG