Ссылки доступа

Расонаҳо: мансабдорони парвандаи Матаев бо тафтишот вориди муколама шудаанд


Хабар дода мешавад, мансабдороне, ки дар парвандаи раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон Саидқозӣ Матаев ҳамдаст ҳастанд, барои бекор кардани ҷавобгарии ҷиноятии Матаев бо тафтишот вориди муколама шудаанд.

Тавре хабаргузории КазТАГ менависад, охири моҳи гузашта чанд мансабдоре, ки дар парвандаи Матаев ҳамчун гумонбар сабт шудаанд, бо навиштани як ариза, хостаанд дар "робита ба пушаймонии Матаев" ҷавобгарии ҷиноятӣ аз ӯ салб шавад.

Миёни ин мансабдорон мудири корхонаи "Казахтелеком" Батир Маханбетажиев ва дигарон ҳастанд. 2 июл қарори роҳбари гуруҳи тафтишотӣ содир шудааст, ки нисбати ин афрод таъқиби ҷиноятӣ қатъ гардад.

Моҳи гузашта додгоҳ муҳлати ҳабси хонагии Матаевро то 22 июл тамдид кард. Баҳори имсол писари вай Асет Матаев ҳам ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Асет Матаев роҳбарии хабаргузории КазТАГ-ро бар зимма дорад. Дар ибтидо падару писарро дар дӯздии маблағи буҷа ва саркашӣ дар пардохти андоз айбор мекарданд. Баъдтар айбномаи онҳо каме сабуктар шуд. Акнун падару писар бо моддаи "қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят калон" айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG