Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон ду зиндонӣ мехостанд фирор кунанд


Ду маҳбус, ки қасди фирор аз боздоштгоҳи шумораи 4 воқеъ дар маҳаллаи "1-ум Советский"-и пойтахтро доштанд, боздошт шудаанд. Як манбаъ аз раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодисаи талоши фирори ин ду маҳбус аз боздоштгоҳ, шаби 7-ум ба 8-уми июл сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин зиндониён ҳангоми бурдани партовҳои маҳбас тариқи мошин ба партовгоҳи муассисаи ислоҳӣ, ки дар як гӯшаи зиндон воқеъ аст, нопадид шудаанд. Дар пай ин, дар маҳбас бонги изтироб зада шуд ва маъмурияти зиндон ба ҷустуҷӯи онҳо оғоз карданд.

Ин ду зиндонӣ аз қаламрави маҳбас берун нарафта ва дар гӯшае пинҳон мешаванд, то бо пайдо кардани фурсати муносиб, фирор кунанд, аммо 8 июл ҳар ду боздошт шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти Раёсати ислоҳии вазорати адлия, имкон дорад, ки онҳо барои ин амалашон дигарбора муҷозот шаванд. Ин ду маҳбус аз ин қабл бо моддаҳои 244 ва 248-и Кодекси ҷиноятӣ ("авбошӣ" ва "роҳзанӣ") муҷозот шуда буданд. Шахсияти онҳо то кунун эълон нашудааст.

Бархе аз манобеъ дар ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон ҳодисаи қасди фирори маҳбусон аз боздоштгоҳи шумораи 4 воқеъ дар маҳаллаи "1-ум Советский"-ро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, дар пайи ҳодисаи мазкур дар пойтахт ва минтақаҳои дигар ҳолати омодабош эълон шуд. Аммо манобеъ боздошти ин маҳбусонро, ки қасди фирор доштанд, рад ва ё тасдиқ накарданд.

XS
SM
MD
LG