Ссылки доступа

Русия интизор дорад, ки НАТО густаришаш дар шарқи Аврупоро тавзеҳ медиҳад


Русия интизор аст, ки НАТО дар робита ба тағйироти чашмгири теъдоди нерӯҳояш, аз ҷумла "амалисозии босуръати нақшаҳои зиддимушакии ИМА/НАТО дар Аврупо" равшанӣ меандозад. Дар ин бора намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳори назар кардааст.

Захарова гуфтааст, Москва умедвор аст, ки зимни нишасти Шӯрои Русия-НАТО, ки қарор аст 13 июл дар Брюссел баргузор шавад, тавзеҳоти НАТО-ро дарёфт хоҳад кард.

Дар саммити НАТО, ки рӯзи шанбе дар Варшава ба поён расид, президенти ИМА Барак Обама гуфт, амалкарди Русия дар шарқи Украина ба идеяи Аврупои осоишта таҳдид мекунад. Обама ҳамзамон Москваро дар вайрон кардани ягонагии марзӣ ва истиқлолияти Украина айбдор кард.

Ба ҳайси чораҳои пешгирикунандаи Русия дар шарқи Аврупо сарони кишварҳои Эътилофи низомии Атлантикаи шимолӣ ба ин натиҷа расиданд, ки дар Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтика 4 баталони гуногунмиллатро ҷойгир созанд.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни саммит роҳбари НАТО Йенс Столтенберг ба такрор гуфт, ки бо Русия бояд муколамаи созанда барқарор карда шавад. Вай гуфт, набояд ба бархурд роҳ дод, тавре ки дар замони Ҷанги сард сар зада буд.

XS
SM
MD
LG